ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарори ахири президенти худкомаи Беларус Александр Лукашенкоро маҳкум карданд, ки акнун тамдиди шиносномаҳои шаҳрвандони сокини кишварҳои хориҷиро манъ мекунад.
Меттю Миллер, сухангӯи Департаменти давлатӣ бо нашри изҳороте гуфт, “қарори манъи додани шиносномаҳои нав ба белорусҳои сокини кишварҳои хориҷа, ки режими Лукашенко қабул кард, яке дигар аз иқдомҳои пеши по задани ӯҳдадориҳои бунёдии ҳукумат дар пеши мардумаш мебошад”.
Миллер гуфт, танҳо ҳадафи онҳо мушкилтар кардани зиндагии белорусҳои одӣ дар хориҷа ва фишори навбатие алайҳи ҳазорҳо сокинони ин кишвар мебошад, ки дар пайи саркӯби сартосарии мунаққидони интихоботи президентии соли 2020 маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд.
Петер Станов, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин қарор намунаи дигари он аст, ки чӣ гуна режими “ғайриқонунии” Лукашенко “ҳуқуқи бунёдии белорусҳоро пеши по мезанад”.