Ҳабси якумрӣ ва ахта барои қатли духтари панҷсола дар Қазоқистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳабси якумрӣ ва ахта барои қатли духтари панҷсола дар Қазоқистон

Бо қарори додгоҳе дар Қазоқистон марди гунаҳгоршуда  дар қатли духтарчаи панҷсола ба ҳукми зиндони абад маҳкум шуд. Волидони навраси кушташуда бо ин ҳукм розӣ ҳастанд, аммо маҳкумшуда аз додгоҳ хоста буд, барояш ҷазои сабуктар диҳанд.

Ҳодиса 13 июли имсол рух дод. Додгоҳи вижа оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Туркистон 7 сентябр Сайдолим Ғоибназарови 48-соларо дар қатли кӯдак ва амалҳои шаҳвонӣ гунаҳгор эълон кард. Бо ҳукми додгоҳ, инчунин маҳкумшуда бояд аз ҷараёни ахтаи кимиёӣ гузарад.

Радиои Азаттиқ, бахши қазоқии Радиои Озодӣ навиштааст, Ғоибназаров дар мурофиаҳои додгоҳӣ хост барояш ҳукми сабуктаре содир шавад. Ин мард қарори додгоҳро оромона гӯш кард ва дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ба ҳукм розӣ нест. Падари духтарчаи кушташуда Нурлан Ережепов гуфт, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ аст.

Сайдолим Ғоибназаров дар гузашта барои куштор 10 сол ҳабс шудааст. Ба навиштаи Азаттиқ, ӯ инчунин ба пардохти 100 миллион танга ҷуброни маънавӣ ба оилаи ҷабрдида вазифадор шудааст.