Дар Украина ҳамоно муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия меҷанганд. Аксарият онҳое ҳастанд, ки аз зиндонҳои Русия оварда шудаанд, вале дар ин миён афроде ҳам ҳастанд, ки ба таблиғу ташвиқ ва ваъдаи пулу зиндагии хуб ба ҷанг рафтаанд.
Зиндониён аксарият бо умеди раҳоӣ аз чордевори маҳбас ин роҳро интихоб кардаанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон, аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон, ҳарчанд медонанд, ки дар ватанашон ин амали онҳо ҷиноят аст ва қонун барои он чандин соли зиндонро пешбинӣ кардааст, аммо аз роҳи худ намегарданд.
Озодӣ бар ивазӣ ним соли ҷанг. Дилшод муҳоҷири узбекистонӣ аз раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер”, Евгений Пригожин чунин пешниҳод гирифт. Зиёд фикр накард ва ба ин шарт розӣ шуд. Он замон ӯ ду сол дар зиндон адои ҷазо карда буд ва намехост, ки даҳ соли дигар пушти панҷара бимонад.
Дилшод, ҷангҷӯи собиқи “Вагнер” дар оила писари ягона буд. Дилшод дар суҳбат ба бахши «Мигрант Медиа» мегӯяд, вақте ӯро ба ҷанг даъват карданд, танҳо ба хотири баромадан аз зиндон розӣ шуд ҷонашро дар маърази хатар гузорад.
“Рафта имзо кардам. Барои ман муҳим набуд, ки оқибат чӣ мешавад, фақат як фикр доштам, ки мебарояму волидонамро мебинам,»-гуфт ин ҷангҷӯи собиқи "Вагнер".
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар давраи пандемия Дилшод корашро аз даст дод. Ба хона баргашта наметавонист, зеро марзҳо баста буданд. Ӯ дар як ширкат чун боркашон ба кор даромад. Дар рӯзи аввалӣ корӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Чанд бор ба Сафорати Узбекистон дар Маскав муроҷиат карда, хостори истирдодаш ба ватан шуд. Аммо ин дархости ӯ бенатиҷа буд. Дар ниҳоят ба шарти гузоштаи ширкати “Вагнер” розӣ шуд ва ҷангро интихоб кард. Баъди имзои қарордод бо ин ширкат ӯро якуним моҳ ба машқи ҳарбӣ фаро гирифта, баъдан ба Бахмут фиристоданд.
“Ба ман яроқи "АГС" доданд, он аз мусалсал ё пулемёт ҳам калонтар аст. Вақте онро ба даст гирифтам, фикр кардам, ки ман дар ин шаҳр як ҷинояткорам. Тасаввур кардам, ки ба ман бозича доданд. Бовар намекардам, ки дар дастам силоҳи воқеӣ аст. Агар ҷангро ба тахтаи шоҳмот монанд кунем, ман дар ин тахта асп будам. Вазифаи ман аз болои дигар сарбозон ҷаҳида, тир андохтан буд,”-нақл мекунад Дилшод.
Бино ба оморҳо, дар ҷанг барои Бахмут, тақрибан 20 ҳазор ҷангиёни “Вагнер” кушта шудаанд. Ба гуфтаи Дилшод аз зиндони онҳо ҳамроҳ бо ӯ 93 маҳбуси дигар қарордоди ҷангро имзо карданд. Камтар аз нисфи онҳо зинда монданд.
Ин ҷангҷӯи собиқи “Вагнер” нақл мекунад, “онҷо Шумо мурдаҳоро мебинед. Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки мебинам, чӣ тавр фарзандони одам кушта мешаванд. Кӯшиш мекардам, фикр кунам, ки ин ҳама хоб аст. Тасаввур кунам, ки ман он ҷо нестам. Ман то ҳол ба ёд намеорам, ки он ҷо чӣ гузашт. Намехоҳам.”
Баъди 6 моҳи ҷанг, Дилшод тибқи ваъда афв шуд ва ба зиндагии оддӣ баргашт. Ҳоло мардикорӣ мекунад. Ҳукумати Русия ба ӯ шаҳрвандӣ дод, вале пул не. Вале Дилшод худро нороҳат ҳис мекунад, чун мегӯяд, барои ватани худаш наҷангидааст ва “ту қаҳрамони кишвари худ нестӣ.”
Ба гуфтаи Дилшод ҳоло дар маҳбасҳои Русия ҳазор зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ адои ҷазо мекунанд. Узбекистониҳо барои идомаи адои ҷазо ба кишвари худ истирдод намешаванд. Байни ду кишвар чунин созишнома нест. Ин ҳам сабаб мешавад, ки ташвиқгарон ба осонӣ онҳоро ба ҷанг ҷалб кунанд. Барои ҳамин Дилшод аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки шаҳрвандони худро аз зиндонҳои Русия ба ватан фиристанд.
«Ин ҷо онҳо хешу табор ва одами наздике надоранд. Намехоҳам, ки онҳо ранҷ кашанд. Мехоҳам онҳо ба кишвар баргашта, онҷо тибқи қонун адои ҷазо кунанд"
Қонунҳои Узбекистон ҳам мисли Тоҷикистон ширкати шаҳрванди ин кишварро дар ҷанги давлатҳои дигар манъ мекунад. Ҳукумати ин кишварҳо бо нашри эълон шаҳрвандонашонро огоҳ карда буданд, вале ҳамоно дар расонаҳо аз сарнавишти муҳоҷири узбек ё тоҷике гузориш дода мешавад, ки дар ҷанги Украина аз тарафи Русия меҷанганд ва дар аксар маврид ҷони худро аз даст медиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Маҳбусони тоҷик:"Агар аз пушти мо гап зананд, моро ба ҷанг намебаранд". ВИДЕОКишварҳои Балтик хостанд, зархаридони "Вагнер" Беларусро тарк кунанд"Гуфтанд, бояд ба ҷанг равед." Паёми зиндониёни тоҷик аз як маҳбаси Русия. ВИДЕОБоздошти сокини Норин, ки ба зидди Украина ҷангида буд"Мерафтанд, аз он сӯ мурдаашонро меоварданд." Нақлҳои як тоҷики узви "Вагнер". ВИДЕО