Амрико дарёфти визаро барои қирғизистониҳо осон мекунад?

Раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев дар ҷаласаи рӯзи 7 сентябр гуфт, ба зудӣ оид ба додани визаи ИМА ба қирғизистониҳо қарор қабул хоҳад шуд.

"Бо сафир ва мақомоти ИМА гуфтугӯҳо идома доранд. Дар моҳҳои наздик тасмими мусбат қабул хоҳад шуд. Барои шаҳрвандони мо ҷараёни дарёфти визаро сабуктар хоҳанд кард. Худо хоҳад, ба зудӣ масъала ҳал мешавад", - гуфт раиси порлумони Қирғизистон.

Сафорати Амрико дар Бишкек ҳанӯз ба ин хабар вокуниш накардааст.

Суйунбек Омурзақов, вакили порлумон гуфт, ҷавонони қирғизистонӣ, ки ба донишгоҳҳои ИМА шомил мешаванд, дар дарёфти виза ва ҳам муҳлати он душворӣ мекашанд. Ба гуфтаи вакил, донишҷӯён шикоят кардаанд, ки маҷбуранд ҳар сол ба Қирғизистон барои тамдиди муҳлати виза баргарданд ва ин ҳолат барои онҳо мушкил эҷод мекунад.