Додситон мехоҳад, писари Ҷо Байденро ба ҷавобгарӣ кашад

Ҷо Байден ва писараш Ҳантер Байден

Додситони махсуси ИМА Дэвид Вайс рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки тасмим дорад, Ҳантер Байден, писари президенти ИМА Ҷо Байденро дар ғайриқонунӣ дарёфт кардани аслиҳа айбдор кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде пеш судяи федеролии аёлати Делавэр созиши байни Ҳантер Байден ва додситони махсусро тасдиқ накард. Дар сурати тасдиқ шудани созиши Байдени хурдӣ бо додситон, писари президент метавонист, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шавад.

Ҳантер Байден ҳангоми харидории таппонча ошкор накардааст, ки маводи мухаддир истеъмол мекунад. Ҳангоми ошкор кардани ин ҳолат мумкин буд, ба ӯ таппонча нафурӯшанд.

Писари президенти ИМА ҳамчунин дар доираи ду парвандаи дигар баҳси додгоҳӣ дорад. Ӯро дар сарпечӣ аз пардохти андоз аз даромадҳои хориҷӣ айбдор мекунанд.

Баҳси додгоҳии Байдени хурдӣ метавонад, дар маъракаи президентии навбатӣ барои Ҷо Байден "дарди сари сиёсӣ" эҷод кунад.