Шералӣ Ҷӯраев дар 76-солагӣ даргузашт

Шералӣ Ҷӯраев

Шералӣ Ҷӯраев, овозхони маъруф ва ҳунарманди халқии Узбекистон, ки дар Тоҷикистон ҳам маҳбубият дорад, рӯзи 4-уми сентябр даргузашт.

Ӯ 76-сола буд.

Хабари марги Ҷӯраевро манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ дар Вазорати фарҳанги Узбекистон тасдиқ карданд.

Пештар иттилоъ расида буд, ки Шералӣ Ҷӯраев бемор аст. Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ рӯзи душанбе ба шифохона бурда шуд.

Шералӣ Ҷӯраев, ки бо баъзе аз ҳунармандони тоҷик, бавижа овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов ҳамкорӣ дошту таронаҳои якҷоя сурудааст, дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хос бархурдор буд.

Соли 2018, дар остонаи 25-умин солгарди истиқлоли кишвар ба ӯ унвони ҳунарманди мардумии Тоҷикистон доданд.

Ҷӯраев соли 1947 дар вилояти Андиҷон ба дунё омадааст. Овозхони Филармонияи вилояти Андиҷон, Филаромнияи давлатии Узбекистон, иттиҳодияи "Узбекнаво" ва муассисаи давлатии "Узбекконсерт" буд.

Садои Шералӣ Ҷӯраев аз соли 1993 на танҳо дар телевизион, балки дар радиои Узбекистон ҳам пахш намешуд. Вай соли 2016, баъд аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, дубора ба саҳна баргашт.