Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд, ки ба 566 миллион рубл 151 мошини хориҷӣ бихаранд.
Ин тасмим баъд аз он гирифта шудааст, ки президент Владимир Путин гуфт, мансабдорони кишвараш бояд ба мошинҳои истеҳсоли Русия савор шаванд.
Дар бораи хариди мошинҳо хабаргузории "Агентство" иттилоъ дод.
"Ҳамаи мансабдорон бояд ба мошинҳои истеҳсоли ватанӣ савор шаванд. Ҳамаи мансабдорони мо бояд дарк кунанд, ки бояд барои рушди истеҳсолоти ватанӣ талош кард", - гуфта буд Путин рӯзи 3-юми августи имсол.
Баъд аз ин изҳорот мақомоти Русия ба харидани мошинҳои хориҷӣ сар кардаанд. "Агентство" хабар медиҳад, ки ниҳодҳои давлатӣ тасмим доранд, 114 мошин аз Чин, 37 мошин аз Кореяву Ҷопон ва Ҷумҳурии Чех бигиранд.