Эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудияти нав барои муҳоҷирони таксирон

Акс аз бойгонӣ

Як гуруҳ вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон танҳо баъди гирифтани ҳуҷҷати ронандагии Русия дар нақлиёти ҷамъиятии ин кишвар, ба кор қабул карда шаванд. Хабаргузории ТАСС навиштааст, чунин тағйирот як тарафи гуруҳе аз вакилони Ҳизби либерал-демократ пешниҳод шудааст.

Феълан шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳам кишварҳое, ки забони русӣ дар онҳо мақоми давлатӣ дорад, ҳақ доштанд бо санади ронандагии кишвари худ дар Русия кор кунанд. Гуруҳе аз вакилони Ҳизби либерал-демократ хостаанд, ин банд аз қонун хориҷ карда шавад ва ҳама ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ танҳо дар асоси ҳуҷҷати ронандагии Русия, иҷозаи кор дарёфт кунанд.

Муаллифони тарҳ навиштаанд, солҳои ахир садамаҳои нақлиётӣ дар Русия бо айби ронандагон аз кишварҳои хориҷӣ зиёд шудааст. Аз ҷумла соли 2021 дар ин кишвар 5 ҳазор ва соли 2022 ҳудуди 43 ҳазор садама бо ширкати ронандагон аз кишварҳои хориҷӣ рух додааст. Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, бештари ин ронандагон шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Озорбойҷон ҳастанд.

Ронандагӣ дар таксӣ ва дигар нақлиёти ҷамъиятии Русия яке аз манбаъҳои даромад барои муҳоҷирон гуфта мешавад. Ҳанӯз соли 2017 Русия хориҷиҳоро аз ҳаққи ронандагии таксӣ ва дигар нақлиёти мусофирбар бо санади кишварҳои худ маҳрум карда буд. Аммо ба навиштаи расонаҳои русӣ, барои шаҳрвандони баъзе кишварҳо истисно вуҷуд дошт, ки ҳоло мехоҳанд онро ҳам бекор кунанд.