Захмӣ шудани 50 пулис дар бетартибиҳои Телавив

\

Дар шаҳри Телавив - пойтахти Исроил рӯзи шанбе ва шаби якшанбе миёни зодагони Эритрия занозанӣ рух дод.

Ба навиштаи The Jerusalem Post, бештар аз 160 кас ҷароҳат бардоштаанд, ки наздики 50 тани онҳо кормандони пулис ҳастанд.

Иштирокдорони занозанӣ - шаҳрвандони Эритрия ҳастанд, ки дар Исроил паноҳандагӣ талаб доранд. Рӯзи 2 сентябр дар бисёре аз кишварҳо ҷашнвораи фарҳанги Эритрия баргузор шуд. Дар Исроил ин ҷашнвора бо эътирози паноҳҷӯён омехта шуд, ки зидди сиёсатҳои ҳукумати Эритрия баромад карданд.

Эътирозгарон сангпартоӣ карданд, шишаи мағозаҳоро шикастанд ва партовгоҳҳоро оташ заданд.

39 кас боздошт шудааст.

Бинямин Натаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, ки эътирозгаронро аз кишвар ихроҷ хоҳанд кард.