Ҳаждаҳ зойири эронӣ дар Ироқ кушта шудаанд

Тасвире аз маҳалли ҳодиса дар расонаҳои эронӣ

Дар натиҷаи бархӯрди ду мусофирбари хурд дар шимоли шаҳри Бағдод 18 нафар аксарият зойирони эронӣ ҳалок шудаанд.

Хабаргузории давлатии Ироқ гуфт, “фалокати ваҳшатнок” дар байни шаҳрҳои Дуҷайл ва Самора рӯзи 2-уми сентябр сурат гирифтааст. Мусофирбарҳо пеш аз нимашаб ба ҳам бархӯрдаанд ва 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти бемористонҳо гуфтаанд, ки дар байни кушташудагон 14 эронӣ, 2 афғон будаанд ва ҳуввияти ду каси дигар ҳоло маълум нест. Солона миллионҳо нафар аз зойирони шиамазҳаб барои ширкат дар маросими Арбаин ба шаҳри Карбало, яке аз зиёратгоҳҳои дигари муҳими мусулмонон ба Ироқ мераванд.