Шаби 2 сентябр дар як садамаи нақлиётӣ дар қисмати шимолии шаҳри Бағдоди Ироқ дастикам 16 нафар, асосан зоирони эронӣ ба ҳалокат расиданд. Ба навиштаи хабаргузории INA, дар “садамаи мудҳише”, ки байни Дуҷайлу Самарро рух дод, боз 13 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Холид Бурҳон, раиси идораи беҳдошти вилояти Салоҳиддин гуфт, сабаби рӯй додани ин фоҷеа маълум нест, вале аксари кушташудаҳо зоирони шиамазҳаб будаанд.
Ҳар сол миллионҳо зоирони шиамазҳаб барои зиёрат ва адои маросими мазҳабӣ ба самти Карбало ҳаракат мекунанд ва дар миёни онҳо эрониҳо хеле зиёд мебошанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Зоирони шиамазҳаб дар маросими Арбаини Карбало иштирок мекунандКарбало ба Рӯзи Ошуро омода мешавадҲалокати даҳҳо зоири эронӣ дар ҳамлаи ДОИШ дар Ироқ