Тахмин меравад, ки артиши Русия панҷумин бузургтарин артиши рӯйи олам аст. Якуним сол пеш, вақте Владимир Путин, президенти Русия фармони таҷовуз ба хоки Украинаро содир кард, ӯ умед дошт, ки Киев дар чанд рӯз таслим ва Украина ишғол мешавад. Дар суҳбат бо хабарнигори "Садои Амрико" коршиносони амрикоӣ дар бораи бурду бохти нерӯҳои Русия табодули назар кардаанд.
Гари Шмидт, пажуҳишгари American Enterprise Institute, воқеъ дар шаҳри Вашингтон мегӯяд, аз он рӯз ҳаждаҳ моҳ гузашт ва Кремл барои пешбурди ҷанг беш аз 60 миллиард доллар харҷ кард.
"Ҳама ба сармояҳое, ки Кремл дар соҳаи низомӣ тахсис додааст, ишора намуда, исрор меварзиданд, ки "Мо имконоти воқеии низомӣ хоҳем дошт" . Бо гузашти якуним сол, ба қавли шореҳи стратегиву амниятии Шӯрои Атлантикӣ Ян Бжезинский, Русия "дар мавқеи дифоӣ қарор гирифтааст". Ӯ гуфт, таҷовузи Украина ибтидо ҳамчун амалиёти кутоҳмуддат тарҳрезӣ шуда буд, вале ба як низои тӯлонӣ мубаддал шуд. Ӯ гуфт:
"Ҳозир Русия дар мавқеи дифоӣ қарор дорад. Мутаассифона, ба онҳо вақти кофӣ барои кандани хандақ ва таҳияи майдонҳои мина фароҳам оварда шуд. Артиши Русия қудрати миқёси ҷаҳонӣ надорад, вале ба қадри кофӣ нерӯманд аст."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Имрӯз дар сафҳои артиши Русия наздики як миллион нафар ифои вазифа мекунад. Ба қавли Шмидт, сарфи назар аз сафарбарии нисбӣ ба артиш, талафоти бузурги ҷонӣ боис шудааст, ки баъзе воҳидҳои Русия ба пешбурди амалиёти ҳарбӣ қодир набошанд.
"Замоне бо ишора ба имконоти амалиёти зиреҳпӯшҳоии Русия онро ба абулҳавл ва ё нерӯи бузурги маҳвкунанда шабоҳат медоданд, - мегӯяд Шмидт. - Воеқият нишон дод, ки бе ҳамоҳангии амалиёт ва кумаки зарурии лоҷистикиву нерӯи ҳавоӣ ин азамат дигар вуҷуд надорад."
Бжезинский мегӯяд, низоъ бо Гурҷистон дар соли 2008-ум камбудиҳои ахлоқӣ ва нокомии фармондеҳону сохтори артиши Русияро айён намуд. Ба гуфтааш, он вақт "вазъ навмедкунанда буд ва Путин ваъда дод, ки онро ислоҳ мекунад. Ӯ барномаи 10-15-солаи муҷаҳҳазгардонии артишро оғоз кард".
Бжезинский мегӯяд, Маскав навсозии артишро шурӯъ карда, онро бештар муҷаҳҳаз ва фишурда гардонд. Низомиён бо артиш шартнома баста, ба сохтори тактикии баталёнҳои ғарбӣ гузаштанд.
Вале, ба қавли Гари Шмидт, "...бахши аосии пул на барои беҳбуди артиш, балки барои беҳбуди вазъи молии генералҳо ва коршакирон сарф шуд".
Генерали бознишастаи нерӯи ҳавоии ИМА Филлип Бридлов мегӯяд, Русия дар ҷанги Украина бо камбуди нерӯи ҷангӣ мувоҷеҳ буда, мушкил танҳо аз ҳисоби сафарбарии нерӯҳои тозанафас ҳал нахоҳад шуд. Бридлов, ки дар солҳои 2013-2016-ум фармондеҳи воломақоми паймони НАТО будааст, мегӯяд:
"Агар фикр мекунед, ки масъалаи Русия ҳал аст, шумо хато мекунед. Имкониятҳои ин кишвар ҳанӯз ҳам бузурганд. Вале барои Путин ҷуръати зиёде лозим хоҳад шуд, ки сафарбарӣ ба артиш ва дигар иқдомҳои заруриро пиёда кунад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Путин ва Эрдуғон дар Сочӣ мулоқот мекунанд Ду сарбози русро барои саркашӣ аз рафтан ба ҷанг ҷазо додандМарги Пригожин тасдиқ шуд. Суқути ҳавопамои ӯ тасодуфӣ буд ё фармоишӣ? ВИДЕО Русия мехоҳад, шаҳрвандии муҳоҷиронро, барои саркашӣ аз қайди ҳарбӣ бекор кунадМушовири Байден: Украина қадам ба қадам қаламравашро озод мекунад