Аз 4 ба 6 сомонӣ. Чаро газу бензин дар Тоҷикистон қимат шуд? ВИДЕО

Нархи гази моеъ як моҳи ахир дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтааст. Як литр газ, ки аввали моҳи август бо арзиши камтар аз 4 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло ба 6 сомону 10 дирам баробар шудааст.

Баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ чанд рӯз аст, ки гази моеъ надоранд. Мақомот далели чунин тағйиротро дар бозори сӯзишворӣ, ба афзоиши арзиши он дар кишвари содиркунанда рабт медиҳанд. Бархе аз бозоршиносон бар инанд, ки барои ҳалли мушкил ба тоҷирон бояд сабукӣ дод ва бозор аз монополия ё инҳисори ширкатҳои алоҳида озод гардад.

Камбудӣ газ дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ҳам боло рафтани нархи он ронандагонро нигарон кардааст.

Ронанда, Дилшод Ғолибов ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳисоби гарон шудани нархи сӯзишворӣ харҷи онҳо низ бештар шудааст. "Аз 3,20 ба 3,60 ва баъд то 5,80 сомонӣ нарх боло рафта, ҳоло боз гаронтар шудааст. Вақте нархи газ боло меравад, барои мо ҳам мушкил мешавад,”-афзуд, ӯ.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро қимати газу бензин дар Тоҷикистон боло рафт?

Рӯзи аввали сентябр дар баъзе ҷойҳо газ 6 сомониву 10 дирам буд. Дар ҳоле, ки аввали моҳи август як литр гази моеъ аз 4 сомонӣ камтар буд. Болоравии нархи сӯзишворӣ се ҳафта қабл сар шуд. Бензин ҳам назар ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Фурӯшандагоне сабаби чунин тағйирро намедонанд ва мегӯянд, бо дастури раҳбаронашон кор мекунанд. "Нархро роҳбарон муайян мекунанд, мо танҳо фурӯшанда ҳастем,”-мегӯяд, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Аюб Абдулазизов.

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гарон шудани гази моеъро муваққатӣ номида, бидуни шарҳи бештар гуфтанд, чунин раванд ба арзиши гази воридотӣ аз Қазоқистон бастагӣ дорад. Бахши калони гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон меояд.

Мақсад Холиқ

Мақсад Холиқ, иқтисоддони қазоқ, ки аз вазъи бозори сӯзишворӣ дар кишвараш огоҳ аст мегӯяд, ҳукумати Қазоқистон дар ҳақиқат нархи газро баланд бардошта истодаанд.

"То ин дам гази моеъ дар бозори дохилӣ бо нархи баъд аз воқеаҳои январӣ фурӯхта мешуд. Ҳоло нархҳо боло рафтанд. Ин то андозае ба нархи содиротӣ низ таъсир мерасонад. Зеро ширкатҳои қазоқистонӣ шикоят мекарданд, ки нигоҳ доштани нархи таъиншудаи газ дар бозори дохилӣ барояшон зиёновар аст. Онҳо барои нигоҳ доштани кормандон ва маоши онҳо манфиатдоранд, ки нархро бардоранд. Онҳо маҷбуранд нархи газро боло баранд. Ва ин дар тамоми дунё ҷараён дорад. Ин тамоюл барои Қазоқистон ҳам бегона нест,"-шарҳ дод, Мақсад Холиқ.

Чанде аз ширкатҳои содиркунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз ҷумла "Газпромнефт-Тоҷикистон" ва “Алат” аз шарҳи масъала худдорӣ намуданд.

Барномаи озуқаи СММ низ дар гузориши нави худ сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар афзоши арзиши он дар кишварҳои содиркунанда ва ба миқдори нисбатан кам ворид шудани ин навъи маҳсулот аз хориҷи кишвар унвон кардааст. Арзёбии ин ниҳод, ки нархи маҳсулот дар бозорҳои кишварро пайгирӣ мекунад, бар асоси гуфтаҳои тоҷирон сурат гирифтааст.

Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мояи нигаронии сокинон будааст. Бо гарон шудани сӯхт, роҳкиро ва хӯрокворӣ низ гарон хоҳад шуд. Ин шабу рӯз нархи баъзе маҳсулот, аз қабили орду равған каме боло рафтааст.

Бархе бозоршиносҳо бар инанд, ки агар афзоиши арзиши сӯзишворӣ идома ёбад, он ба қимати молу маҳсулот таъсири амиқ мегузорад. Ҳамзамон таъкид мекунанд, ки барои ҳалли ин мушкил бояд бозори сӯзишворӣ аз монополия ё инҳисори ширкатҳои алоҳида озод карда шавад.

Абдураҳмон Ҳакимзода

Бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вуҷуди баъзе мушкилиҳо дар бозори сӯзишворӣ боис шудааст, ки нархи он нисбат ба дигар ҳамсоякишварҳо тафовути зиёд дорад.

"Аз рӯи мушоҳидаҳои мо ва аксар коршиносоне, ки минтақаро таҳлил мекунанд аз ҳама нархи гарони сӯзишворӣ назар ба кишварҳои ҳамсоя ин дар Тоҷикистон аст. Ман фикр мекунам бояд ба тоҷирону соҳибкороне, ки бевосита ба воридоту фурӯши маҳсулоти нафтӣ сарукор доранд, имтиёзҳо ва озодиҳо дода шавад. Чунки се-чор ширкати бонуфуз не, балки камаш 10-15 ширкати бонуфуз бояд бошанд, ки воридоту хариду фурӯши газро ба роҳ монанд. Дар ин ҳолат рақобати солим мешавад ва ширкатҳо маҷбур мешаванд нархро арзон кунанд. Дар ҳоле ки як ду ширкати бонуфуз бозори сӯзишвориро забт мекунанду мегиранд, монополия мешавад ва нарх боло меравад,"-гуфт, бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода.

Қаблан дар доираҳои коршиносӣ “Фароз”, ширкати мутаалиқ ба наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва яке аз монополистони бозори сӯзишворӣ гуфта мешуд. Намояндагони ин ширкат эълон карда буданд, ки онро барҳам додаанд. Вале як пажуҳиши Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин барҳамхӯрӣ танҳо барои бартараф кардани калимаи "Фароз" буд ва аксар ширкатҳои он ба таври гуё мустақилона ё бо номи дигар кори худро давом дода, масири даромадашон тағйир накардааст.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамеша зери монополия будани бозори сӯзишвориро рад кардаанд. Ҳарчанд бархе огоҳон бар инанд, ки зури ин ниҳод на ба ҳама ширкатҳои бонуфуз мерасад.

Дар Тоҷикистон 14 ширкат ба интиқоли гази моеъ машғуланд. Ин кишвар ба далели надоштани имконоти коркарди нафт, газу бензинро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон мегирад.

Ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар беш аз 450 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нархи як маҳсулоти асосӣ дар Тоҷикистон боло рафтаастДаҳҳо тоҷирро барои болоравии нарх ҷарима бастаанд. Сокинон мегӯянд, дар бозор чизе тағйир наёфт. ВИДЕОБензин аз Эрону Туркманистон. Нарх поён меравад? ВИДЕО