Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи як маҳсулоти асосӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст


Яке аз нуқтаҳои фурӯши ширкати "Газпром" дар шаҳри Хуҷанд. 10 августи соли 2023
Яке аз нуқтаҳои фурӯши ширкати "Газпром" дар шаҳри Хуҷанд. 10 августи соли 2023

Давоми як ҳафтаи ахир нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ ва бензин дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтааст.

Рӯзи 10-уми август дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи як литр гази моеъ то 4 сомону 80 дирам аст. Ҳол онки як ҳафта пеш нархи як литр гази моеъ, ки ронандагони тоҷик аз он зиёд истифода мебаранд аз 4 сомонӣ камтар буд.

Бензин ҳам назар ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст. Ронандагон мегӯянд, агар аввали моҳи август як литр бензини АИ-92 то 9 сомону 20 дирам буд, пас имрӯз то 9 сомону 80 дирам расидааст. Нархи як литр бензини навъи 95 аз 10 сомонӣ гузаштааст.

Мақомот ҳанӯз дар бораи гароншавии нархи маводи сӯхт чизе нагуфтаанд. Бар асоси гузориши нави барномаи озуқаи СММ, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳои Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, нархҳои миёнаи сӯзишворӣ аз ҷумла бензин ва гази моеъ дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта то 12 дарсад боло рафтааст. Ин ниҳод гуфтааст, сабабҳои афзоиши нархи сӯзишвориро бо такия ба нақли соҳибкорон ба боло рафтани арзиши он дар давлатҳои истеҳсолкунанда арзёбӣ намудааст.

Афзоиши нархи сӯзишворӣ таъсири худро ба дигар бахшҳо, аз қабили нархи маҳсулоти ниёзи аввалия мегузорад. Ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи а ввали соли равон ба кишвар беш аз 450 ҳазор тонна маҳслоти нафтӣ ворид гардидааст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

XS
SM
MD
LG