Мактабҳои Тоҷикистон зиёд, муаллим камтар мешавад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз мешавад. Даҳҳо ҳазор нафар бори аввал ба остонаҳои муассисаи таълимӣ қадам мемонанд. Вазорати маориф мегӯяд 1-уми сентябр мактабу кӯдакистонҳои нав ифтитоҳ меёбанд. Аммо нигарониҳое вуҷуд дорад, ки мактабҳои нав камбуди 3500 муаллимро сахттар хоҳад кард.