Рӯзи 17-уми август гурӯҳе аз маҳбусони зиндони рақами 4-и шаҳри Медин хабар дода буданд, ки 150 зодаи Тоҷикистонро барои ширкат дар ҷанги зидди Украина маҷбурӣ номнавис кардаанд. Он замон Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, воқеан аз як маҳбус ба ин мазмун нома гирифтаанд.
Дар номаи наве, ки маҳбусон рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, гуфта мешавад, ки пас аз нашри шикояташон ва дахолати сафорат фишори мақомоти маҳбас барои сафарбар кардани онҳо ба ҷанг бас шуд. “Ҳолати инҷо дигаргун шуд. Омада гуфтанд, ки мо барои донистан рӯйхат кардем, ки шумо чӣ касб доред. Мо шуморо ба СВО (Русия ҷанг дар Украинаро СВО-амалиёти махуси ҳарбӣ меномад. РО.) намебарем, танҳо шаҳрвандони худамонро мебарем,”-гуфта шудааст дар номаи маҳбусон.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гуфтанд, бояд ба ҷанг равед." Паёми зиндониёни тоҷик аз як маҳбаси Русия. ВИДЕОДар нома гуфта мешавад, ки ҳарчанд фишор ва бо роҳи таҳдид номнавис кардан барои сафарбарӣ ба ҷанг қатъ шудааст, вале ташвиқи кормандони Вазорати дифои Русия дар ин муассиса бо шеваи нармтар давом дорад.
"Бо ваъдаҳои ночиз ташвиқот доранд, ки ба ҷанг равем. Инҳо (кормандони Вазорати мудофиа. Р.О) бо коргарони муасиса ҳамкорӣ доранд ва озодона ташвиқот мекунанд. Мегӯянд, барои рафтан ба СВО ба шумо озодӣ ва паспорти русӣ медиҳем, маоши нағз мегиред. Ба ҳар ҳол агар ҳамин хел аз пушти мо касе гап занад, бурда наметавонанд. Ташаккур ба Радиои Озодӣ ва кормандони сафорат,"- навишта шудааст, дар номаи маҳбусон.
Соле қабл ширкати муздурии “Вагнер” даҳҳо маҳбуси тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг ҷалб карда буд. То ин дам хабари марги зиёда аз 20 нафари онҳо расонаӣ шудааст. Эҳтимол меравад, ки ин шумора ба маротиб бештар аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳбусони тоҷик аз зиндони шаҳри Медин нақл карда буданд, ки моҳи августи соли гузашта беш аз сад маҳбуси тоҷикро аз ҳаминҷо ба ҷанг бурда буданд ва хабари маргашон расид.
Гурӯҳи “Вагнер” тасдиқ карда буд, ки ҳазорон маҳбусро ба ҷанг бурд ва аксари онҳо ҳангоми даргирӣ барои Бахмут кушта шуданд.
Коҳиши фишор ба маҳбусон ҳамчунин мумкин пас аз марги раҳбари "Вагнер" ва номуайянии ин ширкати шахсии ҳарбӣ низ бастагӣ дошта бошад.
Омори дақиқи маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия маълум нест. Ду сол пеш мақомоти тоҷик гуфтанд, ки беш аз 10 ҳазор тоҷик дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Русия қарор доранд. Ҳоло омори дақиқе вуҷуд надорад, ки чӣ теъдод аз маҳбусони тоҷикро ба ҷанги Украина бурдаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи ба ҷанг сафарбар шудани тақрибан сад муҳоҷири тоҷик хабар дастрас кардаанд. Ҷанге, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро хилофи қонунҳои байнулмилалӣ медонад ва Русияро барои талоши ғасби як кишвари мустақил зери таҳрим гузошт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Хиёнат", "хато" ё "ҷудоӣ"? Радду бадали Путин ва Пригожин. ВИДЕО"Ӯро бесарнишин зад". Ҷасади Валиҷонро аз Украина ба Турсунзода оварданд. ВИДЕО"Гурехтам, қапиданд." Муҳоҷири тоҷик дар Украина кушта шудМаҳбуси тоҷик дар беморхонаи низомӣ дар Украина кушта шудааст"Онҳоро барои мурдан мефиристанд" ВИДЕОПригожин гуфт, “бист зиндонӣ бахшида шуд”, вале...