ИМА рӯзи сешанбе аз ҷудо шудани бастаи нави кумакҳои низомӣ барои Украина хабар дод.
Сухан аз мушакҳои "АИМ-9М" барои низоми дифои ҳавоӣ, низоми мушакии HIMARS, гулулаҳои "155-мм", "105-мм" ва дастгоҳҳои безараргардонии минаҳо меравад.
Тибқи иттилои "Садои Амрико", Пентагон ин бор ба маблағи 250 миллион доллар ба Украина кумаки низомӣ ҷудо кардааст.
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфтааст, "Русия ҳар рӯз ҷанги ваҳшиёна ва ишғолгаронаи худро идома медиҳад, ки дар натиҷаи он даҳҳо сокини осоишта ҷон бохта, миллионҳо одам бехона мондаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳамла ба бандарҳо ва зербиноиҳои ғаллаи Украина боиси ноустувории нархҳо дар бозор шудааст. Вошингтон бар ин назар аст, ки амалҳои Русия ба амнияти ғизоӣ дар ҷаҳон зараровар аст.