Мақомоти Амрико мегӯянд, як фарди қочоқбар, ки бо гуруҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” иртибот доштааст, барои фиристодани даҳҳо паноҳҷӯи узбек ба Амрико мусоидат кардааст.
Телевизиони Си Эн Эн дар як гузориши телевизионӣ гуфт, ки ин фардро дар Туркия дастгир намуданд.
Дар ин гузориш аз рӯзи 28-уми август омадааст, дар бораи дастгир кардани ҳалқаи қочоқбарон, ки ба фиристодани паноҳҷӯёни узбек ба Амрико аз тариқи Мексика мусоидат мекунанд, Туркия ба мақомоти иттилоотии Амрико хабар додаанд.
Хабарнигорони Си Эн Эн мегӯянд, худи паноҳҷӯён иртиботе ба ДОИШ надоштаанд, вале ба ҳар сурат собиқаву шарҳи ҳоли онҳо таҳқиқ мешавад.
Моҳҳои ахир сафари тоҷикону узбекон ба Амрико аз тариқи қаламрави Мексика ва дархости паноҳҷӯӣ кардани онҳо зиёдтар шудааст.
Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳар касе сарҳади Иёлоти Муттаҳидаро ғайриқонунӣ мегузарад, ронда хоҳад шуд.