Дар ин бора қарори додраси федеролии парванда, Таня Чуткан содир шудааст. Бино ба гузориши Би-би-сӣ, додрас дар шарҳи қарори худ гуфтааст, ки "ҷомеа ба ҳалли сареи ин масъала ҳақ дорад".
Додситони махсус Ҷек Смит қаблан хоста буд, ки мурофиаҳои президенти 45-уми Амрико 2 январи соли оянда шуруъ шаванд. Вакилони дифои Трамп исрор доранд, ки баррасии парванда моҳи апрели соли 2026, 17 моҳ баъд аз интихоботи навбатии президентии Амрико шуруъ гардад. Додрас ин муҳлатро "аз меъёр зиёд" номидааст.
Трамп ба кушиши ғайриқонунӣ тағйир додани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 муттаҳам мешавад.
Дар доираи парванда зидди президенти пешин ва 18 тан аз атрофиёни ӯ, аз ҷумла шаҳрдори собиқи Ню Йорк, ки он замон ба ҳайси вакили дифои Трамп кор мекард, айб эълом шудааст.
Айбнома аз 41 банд, аз иттиҳоми зӯргӯӣ то шоҳидии бардурӯғ ва маслиҳат бо мақсади қаллобӣ иборат аст. Зидди худи раисҷумҳури пешини Амрико бар асоси 13 банд айб эълон гаштааст.