Дипломати қазоқ баёнияи баҳсбарангези ҳамкори русашро шарҳ дод

Ойбек Смадёров.

Ойбек Смадёров, сухангӯи сафорат рӯзи 28-уми август гуфт, зоҳиран Евгений Бобров, консули собиқи генералии Русия дар Қазоқистон аз ҳама ҷараёнҳои кишвар огаҳ нест.

Ӯ афзуд: “Дар дасти ман иттилооти вазорати маорифи кишвар ҳаст, ки кадом мактаб бо кадом забон дарс медиҳад. Аз 7711 мактаби давлатӣ, 3957 мактаб танҳо ба забони қазоқӣ ҳастанд, забони таҳсили 1203 мактаб русист ва дар 2551 мактаб таҳсил ба забонҳои русӣ ва қазоқист. Айни замон ҳеч нақшае барои гузариш ба забони қазоқӣ нест.”

Рӯзи 23-уми август хабаргузории расмии ТАСС мусоҳиба бо Евгений Бобров, консули генералии Русия дар Алмааторо нашр кард. Дипломати рус, ки ҳоло маъмурияташ тамом шудааст, гуфтааст, солҳои ахир “мактабҳои русӣ ва дарсҳои русӣ дар мактабҳои Қазоқистон камтар мешаванд.” Ба қавли Евгений Бобров, “аз барномаи дарсии синфи якум бардоштани фанни забони русӣ дар Қазоқистон мояи нигаронии ҷомеа шудааст.”

Баръакси ин гуфтаҳо, охири моҳи август корбарон дар шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон аз он изҳори нигаронӣ мекарданд, ки дар пойтахти кишвар ба қадри кофӣ мактабҳои қазоқӣ вуҷуд надоранд.