Ҳодиса дар минтақаи аҳолинишини Кревидия, тақрибан 30 километрии Бухарест, рух додааст.
Аксари ҷароҳатбардоштагон ё ҳудуди 40 нафари онҳо оташнишонҳо будаанд. Бино ба иттилои бахши Руминии Радиои Озодӣ, таркиши нахустин ҳангоми васли зарфи нави сӯзишворӣ рух додааст. Дар пай сӯхтор ба амал омада, оташ зарфҳои дигари газ ва бинои истиқоматии наздик ба нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ҳам фаро гирифтааст.
Баъд аз ду соат таркиши дигаре рух додааст. Ду оташнишонро бо ҷароҳатҳои вазнин тариқи ҳавопаймо ба Брюссел ва ду сокини маҳаллиро ба Италия интиқол додаанд. Австрия, Норвеж, Олмон ва Болгария ҳам ба Руминия кӯмак пешниҳод кардаанд.
Беш аз 3 ҳазор сокинро аз маҳалли ҳодиса кӯчонидаанд. Ҳаракат дар роҳи Бухарест – Плоешти дар ноҳияи Креведи манъ карда шудааст.
Додситонии кулли Руминия, сабабҳои сар задани таркишу сӯхторро таҳқиқ мекунанд.