Дар эъломияи Шӯро теъдоди ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва аъзои хонаводаи онҳо дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аз 4000 то 6000 нафар тахмин зада шудааст.
Ин рақам дар муқоиса бо оморе, ки пештар нашр шуда буд, зиёдтар аст. Қаблан дар баъзе аз гузоришҳо шумори ҷангҷӯёну аъзои оилаи онҳо дар Афғонистон тақрибан севуним ҳазор кас гуфта шуда буд.
Эъломияи Шӯрои амнияти СММ рӯзи 25-уми августи имсол дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт. Дар он ДОИШ на танҳо барои Афғонистон, балки кишварҳои минтақа ва фаротар аз он хатарбор номида шудааст.
Ҳамлаи маргбортарини ДОИШ дар минтақа рӯзи 30-юми июли имсол дар гирдиҳамоии интихоботии Ҳизби ҷамъияти уламои исломӣ дар Покистон рух дод. Дар он ҳодиса камаш 63 нафар кушта, зиёда аз 100 каси дигар захмӣ шуданд.
Ин гуруҳ масъулияти инфиҷори ҳафтаи гузашта дар Кобулро низ бар уҳда гирифт. Бар асари он ду ҷон бохта, як каси дигар маҷруҳ шуд.
Алиаҳмад Ҷалолӣ, устоди Донишгоҳи дифои миллии Амрико дар Вашингтон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ДОИШ дар ҳоли ҳозир талош мекунад, ки монанди Толибони қаблӣ амал кунад.
“Аъзои шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар Афғонистон ва Покистон ҳузур доранд. Ҳамон кореро мекунанд, ки Толибон дар замони шӯриш мекарданд. Яъне, аз мардум боҷ мегирифтанд, маводи мухаддир қочоқ мекарданд, бо истифодаи ғайримашруъ аз маъдан, таҳдиди одамон ва ҷиноятҳои созмонёфта пул ба даст меоварданд. Ҳоло ДОИШ ҳамин корро мекунад. Шояд дар айни замон касоне дар ҷаҳон бошанд, ки аз ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дифоъ кунанд ва ба онҳо кумак намоянд," – афзуд ӯ.
Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар моҳи январи соли 2015 ҳузури худро дар Афғонистон эълон кард. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин созмонро ба рӯйхати гуруҳҳои террористӣ даровардааст.
Дар гузориши Шӯрои амнияти Созмони Милал аз кишварҳои узви ташвиқ шуда, ки иҷоза надиҳанд Афғонистон ба лонаи террористҳо табдил шавад. Дар онҷо таъкид шуда, ки “бояд Толибонро ташвиқ кард, аз ваъдаи супурдаи худ дар заминаи саркӯби ДОИШ ақибнишинӣ накунанд.”
Ҳукумати Толибон, ки идораи ҳукуматро дар Афғонистон ба даст дорад, гузориши нави Шӯрои амниятро беасос номид. Ин гуруҳ бовар дооад, ки шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар Афғонистон бисёр заиф шудааст.