Рӯзи панҷшанбе президенти пешини ИМА Доналд Трамп расман ба ҳабс гирифта шуда ва билофосила бар ивази гарав озод шуд. Ин расмиёт дар зиндони шаҳри Атланта сурат гирифт.
Додситонии ҳавзаи Фултон, ки шаҳри Атланта онҷо ҷойгир аст, ахиран Трампро дар тавтиа бо ҳадафи ғайриқонунӣ тағйир додани натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар ин ҳавза айбдор кард.
Доналд Трамп бо ҳавопаймои хусусиаш аз Ню-Ҷерсӣ ба Атланта парвоз кард. Дар ҳалқаи пулис вай ба зиндони Атланта рафт ва онҷо изи ангуштон ва акси ӯро бардоштанд. Баъд аз гузашти 20 дақиқа вай дубора ба фурудгоҳ рафт ва дар ҳузури хабарнигорон изҳорот дод. Вай гуфт, ки қонуншикание содир накардааст.
"Мо ҳақ дорем, дар мавриди натиҷаҳои интихоботе шубҳа кунем, ки ба бовари мо тақаллубӣ буданд", - гуфт Трамп.
Дар доираи парвандаи мазкур мушовир ва ёвари Трамп низ айбдор мешаванд.
Маълум нест, муҳокимаи ин парванда кай шуруъ мешавад.