Рӯзи 24-уми август тафтиши макони суқути ҳавопаймои хусусии гурӯҳи «Вагнер», воқеъ дар вилояти Твери Русия, идома кард.
Ҳавопаймои Embraer 600 шоми 23-юми август ҳангоми парвоз дар хатсайри Маскав-Санкт-Петербург сарнагун шуд.
Тибқи гузоришҳои расида раҳбари гурӯҳи низомии «Вагнер» Евгений Пригожин дар рӯйхати мусофирони ин ҳавопаймо будааст.
Масъулони Хадамоти изтирории Русия ба хабаргузории давлатии РИА Новости гуфтаанд, дар макони суқути ҳавопаймо ҳашт ҷасад ёфт шуд.
Дар бораи ташхиси ҷасадҳо ва тасдиқи марги Пригожин чизе иброз нашудааст.