Ҳамлаҳои Русия дар рӯзи истиқлоли Украина

Оқибати ҳамлаҳои Русия

Дар ҳоле ки Украина рӯзи 24-уми август ҷашни истиқлоли худро таҷлил мекунад, Русия шаҳри ҷанубии Днепрро мушакборон кард.

Раиси вилояти Днепропетровск Серҳей Лисак дар Телеграм навишт, ки бар асари ҳамла пойгоҳи нақлиётӣ вайрон шуд.

Вай афзудааст, дар натиҷаи ҳамла се мард ва чор зани аз 32 то 65-сола ҷароҳат бардоштанд. Ба навиштаи Лисак, беш аз даҳ бино, аз ҷумла пойгоҳи газ, бинои бонк, меҳмонхона ва сохтмонҳои дигари маъмурӣ ва истиқоматӣ зарар диданд.

Ба гуфти сухангӯйи нерӯҳои ҳавоии Украина Юрий Иҳнат, шаби 23 ба 24-уми август Русия бо навъҳои гуногуни мушаки балистикии "Искандар" ба ин кишвар ҳамла кард.

Номбурда таъкид кардааст, ки яке аз ин мушакҳоро низоми мудофиаи зиддиҳавоии Украина аз байн бурд.

Хадамоти иктишофии Украина ҳушдор додааст, ки эҳтимол дар Рӯзи таҷлили истиқлоли Украина ҳамлаҳои ҳавоии Русия афзоиш ёбанд.