Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Қазоқистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев, акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев рӯзҳои 25-26-уми август бо сафари корӣ ба шаҳри Остона хоҳад рафт.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев рӯзҳои 25-26-уми август бо сафари корӣ ба шаҳри Остона хоҳад рафт.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон як рӯз пеш аз оғози он эълом шуд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, “дар сафар масоили тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту боркашонӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ хоҳад шуд."

Сафари президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, ки навбатпойии мошинҳои боркаш дар сарҳади Қирғизистон бо Қазоқистон мушоҳида мешавад.