Додситонии вилояти Маскав ба таҳқиқи қазияи сӯхтор дар як бозори масолеҳи сохтмонии шаҳраки Истра пардохтааст.
Сӯхтор дар бозоре, ки макони кори муҳоҷирони тоҷик ҳам мебошад, шоми 22 август сар зад ва масоҳати 675 метри мураббаъро фаро гирифт.
Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор бисёр фарогир буд ва эҳтимолан сабабаш риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ будааст.