Гурӯҳе аз кӯҳнавардони русро, ки ҳини баромадан ба кӯҳҳои Помир осеб дида буданд, ба Душанбе овардаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 13 нафар дар майдони Москвин, дар баландии 4300 метр, буданд.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст, ки кӯҳнавардони осебдида рӯзи 19-уми август наҷот ёфта, ҳоло зери назорати пизишкон ҳастанд.
Ҳодиса ҳангоми баромадани сайёҳон ба қуллаи Исмоили Сомонӣ рӯй додааст.
Сафорати Русия мегӯяд, далели сари вақт наҷот ёфтани сайёҳон ин буд, ки пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистонро аз масири худ огоҳ карда буданд.
Маъмулан аз нимаи дувуми моҳи июн то нимаи аввали моҳи август мавсими фатҳи қуллаҳои баланд дар Тоҷикистон аст. Даҳҳо сайёҳ дар ин мавсим ба кишвар меоянд ва дар баъзе маврид кӯшиши онҳо номуваффақ анҷом меёбад ё осеб мебинанд.