Камбуди сӯзишворӣ дар Қрим; тасмими Ҳолланду Дания дар мавриди Украина

Пули пайвасткунандаи Қрим бо Русия

Баъд аз бомбаборони ягона пули пайвасткунандаи Қрим бо Русия нимҷазираи ишғолшуда бо камбуди сӯзишворӣ дучор шудааст.

Нерӯҳои Украина рӯзи 17-уми июли имсол пули Қримро, ки ба маблағи 4 миллиард доллари Русия сохта шудааст, бори дуюм нишон гирифтанд. Пас аз он Русия интиқоли сӯзишвориро тавассути ин пул бас кард.

Дар ин байн Ҳолланд ва Дания ваъда додаанд, ки зери шароити муайян ба Украина ҳавопаймои ҷангии "F-16" мефиристанд.

Муддатҳост, ки Украина барои таҳкими имконоти дифоӣ аз ҳампаймонҳояш ин навъи ҳавопайморо дархост мекард.

Ҳолланд 42 ҳавопаймо ва Дания 19 ҳавопаймои истеҳсоли Амрикоро -ро ба Украина интиқол хоҳанд дод.

Русия бо истифода аз ҳавопаймоҳои сершумораш шаҳрҳои Украинаро бомбаборон карда, амалиёти низомии ин кишварро бо монеа рӯ ба рӯ кардааст. Коршиносон дарёфти ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоиро унсури калидии мудофиаи Украина меноманд.