Ҷо Байден, президенти Амрико, нишастеро бо иштироки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мекунад.
Маҷаллаи "Forbes" рӯзи 18-уми август номаи Байденро ба унвонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев нашр кард.
Байден дар ин нома Мирзиёевро ба нишасти "Осиёи Марказӣ - Амрико" ("С5+1") даъват кардааст. Саммит дар рӯзҳои Маҷмаи умумии СММ дар охири моҳи сентябри имсол дар шаҳри Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд.
"Ман муштоқона ҷаласаи навбатии Маҷмаи умумии СММ-ро мунтазирам, ки дар он дар мавриди масоили муҳими зиндагии мардум ба пешравӣ ноил хоҳем шуд. Умед дорам, шумо бо ман ва ҳамкоронамон-роҳбарон дар мулоқоти расмии "С5+1" рӯзҳои 19 ва 20-уми сентябр ҳамроҳ мешавад", - навиштааст Байден дар номааш ба Шавкат Мирзиёев.