Хуршед Фозиловро дар зиндони низомаш сангин ҷой кардаанд

Хуршед Фозилов

Хуршед Фозилов, хабарнигори маҳкумшудаи тоҷикро дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд ҷойгир кардаанд.

Як манбаъ дар Сарраёсати маҳбасҳои Вазорати адлия рӯзи 20-уми август гуфт, "Фозилов дар аввали моҳи август аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндони рақами 3/5-и маркази вилояти Суғд интиқол ёфт".

"Муҳлати карантин анҷом шуд ва ӯ давраи ҷазоро паси сар мекунад," – афзуд мусоҳиби мо.

Хабарнигори мустақил Хуршед Фозиловро дар моҳи марти имсол боздошт ва рӯзи 26-уми май ба 7 сол зиндон маҳкум карданд.

Пайвандонаш гуфтанд, мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо сомонаи “Ахбор”, ки се сол боз фаъол нест, гунаҳкор донистаанд. Худаш гуфта, ки агар гуноҳро ба дӯш намегирифт, нисфи одам мешуд.

Вакилони мудофеаш хоста буданд, ки қазияи Хуршед Фозилов бознигарӣ ва хабарнигор озод карда шавад. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август гуфт, шикоят рад шуд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар бештар аз як соли охир ҳашт рӯзноманигор ва блогерро асосан ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 20 сол зиндонӣ карданд.

Дар ҳоле ки мақомот ба дурустии тасмими худ пойфишорӣ доранд, созмону кишварҳои ғарбӣ Тоҷикистонро ҳамвора ба тангтар кардани ҳалқаи озодии баён танқид мекунанд.