Саида Мирзиёева ёвари аввали президенти Узбекистон мешавад?

Саида Мирзиёева

Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ дар ҳукумати Узбекистон мегӯянд, интизор меравад, рӯзҳои наздик Саида Мирзиёева, духтари президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ёвари аввали падараш таъйин шавад.

Ба гуфтаи манобеъ, ёвари аввали раисҷумҳур амалан баландтарин мақом дар маъмурияти нави президенти Узбекистон хоҳад буд. Ҳаминтариқ Мирзиёеваи 38-сола раҳбари маъмурияти падари худ хоҳад шуд.

Комил Алламҷонов, ки дар вазифаи муовини раиси дастгоҳи президент кор мекард, сардори департаменти тозатаъсис таъин шудааст. Ин вазифа Алламҷоновро амалан шахси севум дар маъмурияти президент хоҳад кард.

Дар бораи таъйини Саида Мирзиёева ва вазифаи нави Алламҷонов то ҳол расман хабар дода нашудааст.

Пештар хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабари бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи барканории Сардор Умурзақовро аз мақоми раисии дастгоҳи Мирзиёев тасдиқ карда буд.

Хадамот афзуд, ки вазифаи раиси сардори дастгоҳи президенти Узбекистон бо фармони Мирзиёев барҳам дода шуд ва Умурзақов мушовири раисҷумҳур оид бадастурҳои махсус таъйин гаштааст.

Саида Мирзиёева духтари калонии президенти Узбекистон аст. Ӯ аз соли 2019 то 2022 муовини Оҷонси иттилоот ва иртибототи назди дастгоҳи президент буд ва дертар роҳбари бахши иртиботот ва сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияи президент таъйин гашт.