Карзай хостори таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо шуд

Январи соли 2023. Собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар мулоқот бо муовини дабири кулли СММ Амина Муҳаммад

Дар рӯзи таҷлил аз истиқлолияти Афғонистон, собиқ президенти ин кишвар Ҳомид Карзай аз ҳокимони режим – Толибон тақозо кард, ки дарҳои мактабу донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон боз кунанд. Карзай, ки рӯзи 19 август бо паёми табрикие суханронӣ намуд, гуфт, ки мардуми Афғонистон бояд ҳам духтар ва ҳам писарҳои худро таълим бидиҳанд.

Раҳбарони Толибон бо пахши изҳороте ба муносибати истиқлолияти 104-уми Афғонистон аз Бритониё гуфтанд, ба арзишҳои динию фарҳангии худ пойбанд ҳастанд ва ба касе иҷоза намедиҳанд, ки ба умури ҳукумат дахолат дошта бошад.

Баъди бозгашт сари қудрат Толибон сиёсатҳои тундравонаи худ, аз ҷумла маҳдудияти сахт дар ҳуқуқи духтарону занонро барқарор карданд.