Дар ҳамла ба Черниҳиви Украина шаш кас кушта шуд

Черниҳив, 19-уми август

Олександр Ломатко, иҷрокунандаи вазифаи раиси Черниҳив, шаҳре дар шимоли Украина гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои имрӯза ба маркази шаҳр дастикам шаш нафар куштаву 11 кас маҷрӯҳ шуданд. Вячеслав Чаус, волии Черниҳив дар Телеграм каналаш навишт, ки “эҳтимолан ин як мушаки баллистикӣ буд”.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х (собиқ Твиттер) навишт: “Имрӯз як мушаки Русия ба қалби Черниҳив расид. Ба майдон, донишгоҳ ва театр”. Ӯ инчунин навори видеоии ин ҳамларо нашр кард.

Ӯ, ки дар сафаре дар Шведсия қарор дорад, навишт, “Русия як рӯзи шанбеи оддиро ба рӯзи дарду талафот табдил дод”.