Номи чандин пирях дар ҳудуди Тоҷикистон иваз карда шудааст. Ба иттилои хабаргузориҳои Авесто ва ТАСС, ки бо такя ба Махзани иттилооти ҳуқуқии Тоҷикистон хабар додаанд, қарори тағйири ном се ҳазор пиряху кӯҳҳо, кӯлу дарёҳо ва дигар маконҳои ҷуғрофиро дар ҳудуди Тоҷикистон дар бар мегирад.
Дар бораи қарори тағйир дода шудани чанд ҳазор номи ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 1-уми августи имсол мақомоти Кумитаи рушди маҳалли назди ҳукумат ҳам иттило дода буданд. Вале то ҳол ин феҳрист барои дастраси умум нашр нашудааст.
Ба навиштаи ин расонаҳо, ҳамакнун, исми пиряхи Федченко, ки онро чун бузургтарин дар кӯҳҳои ВМКБ мешиносанд, Ванҷях номида шудааст. Исми пиряхи ба номи Елена Розмирович ба Робиа Озод, пиряхи ОГПУ ба Парчами миллии Тоҷикистон, пиряхи ба номи Серго Орҷеникидзе ба Спитамен, пиряхи ба номи маршал Василевский ба Мирзо Турсунзода, пиряхи ба номи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон иваз карда шуд.
"Бояд номи бумии он маконҳоро расмӣ кард"
Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми август гуфт, исми нави пиряхи Федченко аз ибораи “яхи Ванҷ” сохта шуда, “Ванҷях” гузошта шуд. Ӯ, ки ба қарори интихоби номи нави пиряхи Федченко дидгоҳи интиқодӣ дорад, мегӯяд:
“Ниҳодани номи касон бар объектҳои ҷуғрофиёӣ тақлид аз ҳамон номгузории русӣ-шуравӣ аст, ки моҳияти истеъморӣ дошт. Он бегонаҳо, ки худро нахусткасоне мепиндоштанд, ки пой бар он кӯҳу пуштаву яхсорҳо гузошта буданд. Вале мо сарзамини худро ваҷаб ба ваҷаб мешиносем ва ҳар як ваҷабашро номе гузоштаем.
Аз ин рӯ, бояд номи бумии он маконҳоро расмӣ кард ва ё номи наздиктарин рустоҳоро бар онҳо ниҳод. Масалан, пиряхро дар Ванҷу Дарвоз «лозур» меноманд. Ҳамин вожаро бояд бар пиряхи Федченко мегузоштанд ва онро расман «пиряхи Лозур» меномиданд».
Зимнан, расонаҳои зиёди русӣ ба хабари иваз шудани номҳои пиряхҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда, аксарият инро мавриди танқид қарор додаанд.
Дар гузашта мақомот исми чанд қуллаи баландеро иваз карданд, аз ҷумла, қуллаи Коммунизм бо 7495 метр баландиаш соли 1999 ба қуллаи Исмоили Сомонӣ ва соли 2006 қуллаи Ленин бо 7134 метр баландиаш ба қуллаи Абӯалӣ ибни Сино табдил дода шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мурғоб ё Марғеб? Пешниҳоди табдили номи беш аз 5 ҳазор маҳаллу мавзеъ. ВИДЕОДар Молдова "забони руминӣ"-ро дар қонунгузорӣ ҷой кардандНом ва забон. Санҷиши нави соҳибкорон дар Тоҷикистон. ВИДЕОКумитаи забон ба номгузории фурӯшгоҳҳо эрод дорадБаҳс сари номи Ленин, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон барои як кӯча. ВИДЕО"Тиҷорат"-и ному насаб. Дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд? ВИДЕО