Ҳавзаи низомии марказии Русия мегӯяд, соли 2023 беш аз як ҳазор мутахассиси хурди артиши Тоҷикистон дар назди пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар давраҳои омӯзишӣ гузаштаанд. Ба навиштаи ин манбаъ, тамринҳо аз дарсҳои назариявиву амалӣ иборат буданд ва машқҳои низомӣ дар майдонҳои Сумбулӣ ва Лоҳур аз рӯи 14 ихтисос, мисли идораи тонку зиреҳпӯшҳо ва силоҳҳои гуногун барпо шудааст.
Тасдиқи дурустии ин омор тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Вазорати дифои Тоҷикистон чунин маълумотро нашр намекунад. Вале пештар гуфта шудааст, ки чунин барномаи тамрин аз соли 2015 ба ин сӯ иҷро мешавад.
Русия, ки бо Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ дорад, азимтарин пойгоҳи низомиии хориҷиашро дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой додааст. То таҷовузи Русия ба хоки Украина шумори низомиёни мустақар дар пойгоҳи низомии 201-ум то 7 ҳазор нафар гуфта мешуд, вале баъди феврали соли 2022 хабарҳои мухталиф дар бораи ба ҷанг фиристода шудани наздик ба 2 ҳазор нафари онҳо ба даст расид.
Ҳузури ин пойгоҳро дар Тоҷикистон бо ҳадафи ёрии низомӣ дар сурати ноамнӣ дар марзҳо бо Афғонистон зарур медонанд. Вале мунаққидони ҳукумат истиқрори пойгоҳро, ки барои 49 сол иҷозаи ҳузур дорад, чун як омили фишори низмоию сиёсӣ ба Душанбе ва таҳдид ба истиқлолияти ин кишвар интиқод мекунанд.