Сафорати Амрико гуфт, киҳо аз грин-корт маҳрум мешаванд

Сафорати ИМА дар Узбекистон ба барандагони барномаи "Diversity Visa" (Green Card) ҳушдор додааст, ки дар сурати пешниҳоди санадҳои сохта метавонанд аз ҳаққи дарёфти раводид (виза)-и Амрико умрбод маҳрум шаванд.

"Ба шахсони севум, ки ба шумо тавсия медиҳанд ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти раводид санадҳои сохта ё маълумоти нодуруст пешниҳод кунед, бовар накунед", - омадааст дар изҳороти сафорат.

Дар Узбекистон шумори онҳое, ки мехоҳанд ба Амрико кӯч банданд, торафт афзоиш меёбад. Ин кишвар чанд сол мешавад дар садри рӯйхати давлатҳое қарор дорад, ки шаҳрвандонашон аз ҳама бештар довталаби дарёфти "грин-корт" ҳастанд.

Иёлоти Муттаҳида соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату корро дар ин кишвар тавассути корти сабз фароҳам меорад.