Маъмурони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳам наздикони омӯзгор беш аз ду моҳ боз ӯро дар дарёи Зарафшон ҷустуҷӯ доранд.
Юсуф Раҳмон, додситони кул, рӯзи 15-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳангоми ҷустуҷӯ аз дарё як ҷасад пайдо шуд, “вале ташхис нишон дод, ки ҷасади омӯзгор нест”.
Исмоил Раҳмонов шаби 12-уми июн дар маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе рабуда шудааст.
Ба иттилои мақомот, гумонбарон дастони ӯро баста, дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ, ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба гумони рабудани омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳи як нафари дигар боздошт шуд.
Парвандаи онҳо ба гумони одамрабоӣ дар баррасии Додситони кул қарор дорад. Наздикони омӯзгори рабудашуда аз ҷараёни тафтишот норозӣ ҳастанд.