Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 15-уми август боздошти сокини вилояти Норини ин кишварро, ки дар ҷанги Украина иштирок кардааст, тасдиқ кард.
Ба зидди боздоштшуда Б.Б. бо банди "Иштироки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар кишвари хориҷӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ӯ аз 5 то 10 сол зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Кумита видеоеро нашр кардааст, ки дар он боздоштшуда бо либоси низомӣ ва дар даст силоҳ дида мешавад. Ҳамчунин мукотофҳоеро нишон медиҳанд, ки ӯ барои иштирок дар ҷанги Украина дарёфт кардааст. Гуфта мешавад, вай дар сафи зархаридони гуруҳи муздурии "Вагнер" ҷангидааст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ қаблан аз боздошти сокини 27-солаи Норин хабар дода буд, ки дар қатори муздурони "Вагнер" алайҳи Украина ҷангида буд. Ӯ аз зиндони Русия ба ҷанг ҷалб шуда, баъди баргаштан ба Қирғизистон дастгир гашт.