Муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба Мексика мераванд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Мексика мегӯянд, теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз тариқи ин кишвар ба Амрико мераванд, сол ба сол зиёд мешавад. Хабарнигорони Садои Амрико ва Радиои Озодӣ дар воқеъ чанде аз муҳоҷирони гоҳо саргардони тоҷикро дар сарҳади Мексикаву Амрико бо чашми худ диданд.