Трамп ба кӯшиши ғайриқонунӣ тағйир додани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 дар ин ҳавза, ки яке аз бузургтарин шаҳрҳои Амрико - Атланта ба он шомил аст, муттаҳам мешавад.
Дар доираи парванда алайҳи президенти пешин ва 18 тан аз атрофиёни ӯ, аз ҷумла шаҳрдори собиқи Ню-Йорк, ки он замон ба ҳайси вакили дифои Трамп кор мекард, айб шудааст.
Айбнома аз 41 банд, аз иттиҳоми зӯргӯйӣ то шоҳидии бардурӯғ ва маслиҳат бо мақсади қаллобӣ иборат аст. Ба зидди худи раисҷумҳури пешини Амрико бар асоси 13 банд айб эълон гаштааст.
Ин парвандаи чаҳоруми ҷиноӣ аст, ки зидди номзади кунунии ҷумҳурихоҳон ба мақоми президентии Амрико Доналд Трамп эълон мешавад. Додситонии Манҳеттен ӯро ба харҷи ғайриқонунии маблағҳои ҷамъоваришуда барои интихобот муттаҳам мекунанд.