Гурҷистон ҳамкории "Яндекс.Такси"-ро бо ФСБ месанҷад

Хадамоти ҳифзи маълумоти шахсии Гурҷистон ба омӯзиши қонунӣ будани коркарди маълумоти шаҳрвандон тавассути ширкати "Яндекс.Такси", ки аз соли 2020 дар он кишвар фаъолият мекунад, оғоз кардааст.

Як қатор созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва телевизионҳои мухолифи наздик ба ҳизби президенти собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ - "Ҳаракати ягонаи миллӣ" иқдомеро зидди "Яндекс.Такси" роҳандозӣ кардаанд.

Ба иддаои мухолифони Гурҷистон, хадамоти махсуси Русия метавонад тавассути барномаи "Яндекс.Go" ба маълумоти шахсии шаҳрвандони кишварашон дастрасӣ пайдо кунад.

Бахши гурҷистонии "Яндекс.Go" дар посух ба ин иддао кӯтоҳ гуфтааст, ки "қонунгузории Русия ба тиҷорати байнулмилалӣ ва корбарони он дар Гурҷистон дахл надорад". Зеро онҳо барномаро дар хориҷ аз Русия истифода мекунанд.

Пештар расонаҳои Русия навиштанд, ки Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ аз 1-уми сентябр ба пойгоҳҳои иттилоотии "Яндекс.Такси", аз ҷумла ба пойгоҳҳои хадамоти хориҷии "Яндекс" дастрасии шабонарӯзӣ пайдо мекунад. Чунин фармонро сарвазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.

Роҳбарияти ширкати "Яндекс" гуфтааст, пойгоҳ ё махзани маълумоти "Yandex Go" ва "Yango" дар дохили Русия ҷойгир аст.

"Яндекс" дастрасӣ ёфтани ФСБ-ро ба маълумоти равуои таксиҳо дар берун аз Русия рад мекунад. Дар "Яндекс" гуфтанд, "бештари хадамоти интернетии муосир тавре сохта шудаанд, ки аксар маълумот дар шакли рамзсозишуда дар марказҳои додаҳо нигаҳдорӣ мешаванд".

Дар хадамоти матбуотии ширкат гуфтанд, "маълумот дар бораи равуои таксиҳоро танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамон кишваре ба даст меоранд, ки таксиҳо онҷо амал мекунанд".