Муовини вазири дифои Украина Анна Маляр гуфт, нерӯҳои ин кишвар давоми ҳафтаи гузашта баъзе аз минтақаҳоеро дар наздикии Баҳмут бозпас гирифтанд.
Ба қавли ӯ, нерӯҳои Украина се километри мураббаъро дар наздикии Баҳмут озод кардаанд. Маляр афзуд, аз моҳи июн ба ин сӯ ҷамъан 40 километри мураббаъ дар наздикии Баҳмут озод карда шуд.
Вай рӯзи душанбе дар бораи "комёбии мушаххас"-и артиши Украина дар деҳаи Урожайноеи вилояти Донетск хабар дод. Ҳамла ба деҳаи мазкурро нерӯҳои украинӣ 8-уми август шуруъ карда буданд.
Расонаҳо охири ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки низомиёни Русия аз деҳаи Урожайное ақибнишинӣ мекунанд. Ин хабарро бештар блогерҳои низомии Русия нашр карданд.
Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе хабар дод, ки ҳамларо ба деҳа хунсо кардааст, вале дар бораи ақибнишинӣ расман чизе гуфта нашуд.