Дар Қирғизистон фаъолияти масҷиду мадрасаҳоро месанҷанд

Як масҷиде, ки дар Қирғизистон баста шудааст

Дар Бишкек як комиссияи вижа таъсис додаанд, ки аз 11-уми август фаъолияти масҷиду мадрасҳоро месанҷад.

Дар ин бора Шӯрои уламои Қирғизистон хабар додааст.

Дар ин хабар гуфта шудааст, ки комиссия санадҳои масҷиду мадрасҳоро месанҷанд, ки то куҷо онҳо қонунӣ бунёд шудаанд ва дуруст фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон барномаи таълимии мадрасаҳо ва тозагию бехатарии муассисаҳои динӣ тафтиш мешаванд.

Аз ин пеш, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки дар тафтише фаъолияти 39 масҷид ва 21 мадрасаро барои риоя накардани қонунҳо қатъ кардаанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Қирғизистон 2,6 ҳазор масҷид, ҳудуди 100 мадраса ва 10 донишкадаи исломӣ амал мекунад.