Вазорати корҳои дохилии Узбекистон блогерон Санҷар Икромов ва Шералӣ Комиловро дар ҷустуҷӯ қарор додааст.Икромов дар қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва Комилов дар қаллобии такрорӣ айбдор мешавад. Бо ин айбҳо блогеронро аз 8 то 10 сол зиндон ё ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад.
Саҳифаи Санҷар Икромови 35-соларо дар Ютуб бештар аз 200 ҳазор пайравӣ мекунанд. Вай бештар мавзуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва равоншиносиро инъикос мекунад. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ӯ ҳоло дар Туркия қарор дорад.
Шералӣ Комилови 44-сола бошад муаллифи саҳифаи Detective Uz дар Ютюб аст. Саҳифаи ӯ қариб 18 ҳазор обуначӣ дорад.
Дар моҳҳои охир дар Узбекистон бо айбҳои мухталиф чанд рӯзноманигору блогер боздошту ҳабс шудааст.