Байден аз Конгресс $25 млрд дархост мекунад

Ҷо Байден

Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден тасмим дорад, аз Конгресс дар ҳаҷми 25 млрд. доллар кӯмаки иловагии фаврӣ дархост кунад.

Аз ин маблағ 12 млрд. барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва 13 млрд. барои сармоягузории ниёзмандиҳои низомӣ, аз ҷумла кӯмак ба Украина равона мешавад.

Роҳбарони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Палатаи намояндагон, таҳти фишори муҳофизакорон аз тасмим барои афзоиши кӯмак ба Украина сарпечӣ мекунанд.

Раиси Палатаи намояндагони ИМА Кевин Маккартӣ ҳанӯз моҳи июн гуфта буд, ки иҷоза намедиҳад, дар мавриди сармоягузории иловагии Украина раъйдиҳии иловагӣ баргузор шавад.

Дар маҷмуъ ИМА аз ибтидои соли 2022 то кунун барои кӯмак ба Украина 98,6 млрд доллар ҷудо кардааст.