Созмони "Атажурт" дар Қазоқистон, ки аз ҳуқуқи қазоқтаборони Чин ҳимоят мекунад, бори дувум барои сабти номи ҳизб ба Вазорати адлияи Қазоқистон ҳуҷҷат супоридааст.
Роҳбари гуруҳи ташаббускори сабти номи ҳизби "Атажурт" Бекзот Максутхонулӣ гуфт, ба фарқ аз дафъаи пешин ин бор ба вазорат 700 имзо ирсол кардаанд.
Рӯзи 24 апрели соли ҷорӣ, вақте гуруҳи ташаббускор бори аввал ба вазорат ҳуҷҷат ирсол карда буд, вазорат ба далели мавҷуд будани имзоҳои ноболиғон ва аъзои ҳизбҳои дигар ҳуҷҷатҳоро баргардонид.
Фаъолони ҳизби сабтношуда мегӯяд, фишорҳо аз сӯи мақомот афзудааст. Максутхонулӣ гуфт, имзоҳои дафъаи пешин ба дасти пулис ва кумитаи амнияти миллӣ расидааст. "Ба имзогузоштагон занг мезананд ва фишор меоранд, ки узви ҳизби "Атажурт" нашаванд", - гуфт вай.
"Мо ҷинояткор нестем. Мо мехоҳем ҳизб таъсис диҳем", - гуфт Максутхонулӣ.
"Атажурт" - ягона ҳизби сабтношуда нест, ки дар Қазоқистон наметавонад аз қайди Вазорати адлия гузарад. Ҳизби "Алға, Қазоқистон!" барои сабти ном 17 маротиба ҳуҷҷат супорида, вазорати адлияро ба додгоҳ кашидааст. Аммо ҳамоно аз сабти ном нагузаштааст.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, раванди сабти ҳизби сиёсӣ осон аст. Интиқодгарони ҳукумат мегӯянд, мақомот танҳо ҳизбҳои ба ҳукумат содиқро сабт мекунанд. Ҳеч кадом 7 ҳизби сабтшуда аз амалҳои президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев интиқод накардаанд.