Наздики бегоҳи рӯзи 9 август саҳифаи интернетии Yandex.kz дубора дастрас шудааст.
Пештар расонаҳои Русия навиштанд, ки Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ шуруъ аз 1 сентябр ба пойгоҳҳои иттилоотии "Яндекс.Такси", аз ҷумла ба пойгоҳҳои хадамоти хориҷии "Яндекс" дастрасии шабонарӯзӣ пайдо мекунад.
Чунин фармонро сарвазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Роҳбарияти ширкати "Яндекс" гуфтааст, пойгоҳ ё махзани маълумоти "Yandex Go" ва "Yango" дар дохили Русия ҷойгир аст. Роҳбарият аз кормандони ширкат дархост кардааст, ки "ҳангоми суҳбат бо муштариҳо ёдовар нашаванд, ки махзанҳо дар дохили Русия ҳастанд".
"Яндекс" дастрасӣ ёфтани ФСБ-ро ба маълумоти равуои таксиҳо дар берун аз Русия рад мекунад. Дар "Яндекс" гуфтанд, "бештари хадамоти интернетии муосир тавре сохта шудаанд, ки аксари маълумот дар шакли рамзсозишуда дар марказҳои додаҳо нигаҳдорӣ мешаванд". Дар хадамоти матбуотии ширкат гуфтанд, "маълумот дар бораи равуои таксиҳоро танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамон кишваре ба даст меоранд, ки таксиҳо онҷо амал мекунанд".