Ин сенатор дар номааш ба унвонии Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тазаккур додааст, ки амалиёти содироту воридоти Қирғизистон бо Русия баъди ҳамлаи Русия ба Украина афзудааст. Сенатор илова кардааст, ки мақомоти Қирғизистон ин тиҷоратро назорат намекунанд, "амалан ба шарики Русия табдил шудаанд, ки маҳсулоти марбут ба бахши низомӣ, аз ҷумла бесарнишинҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои аслиҳа ва микросхемаҳоро ғайриқонунӣ ворид месозанд".
Боб Менендес аз Қирғизистон даъват кардааст, ки сарпечӣ аз таҳримҳоро таҳқиқ ва аз интиқоли ғайриқонунии маҳсулот тавассути ин кишвар пешгирӣ кунад. Вай ҳамчунин ба масъалаи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон дахл кардааст. Ба гуфтаи Менендес, ҳукумати амалкунандаи Қирғизистон "борҳо ҳуқуқи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақилро помол, ҳомиёни ҳуқуқи инсонро таъқиб ва ҷомеаи шаҳрвандиро маҳдуд кардааст".
Моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати тиҷорати ИМА номгӯи ширкатҳоеро нашр кард, ки барои "ҳимоят аз маҷмаи саноатӣ-низомии Русия" таҳрим шудаанд. Дар ин номгӯ ба ҷуз аз ширкатҳои Русия, ширкати Tro.Ya-и қирғизистонӣ шомил буд.
20 июли соли ҷорӣ Вазорати молияи ИМА нисбати бештар аз 120 ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки миёнашон 4 ширкати қирғизистонӣ низ ҳаст. Дар Вазорати молияи ИМА гуфтанд, бархе аз маҳсулоте, ки ширкатҳои "шомили таҳримҳо" тиҷорат мекунанд, дар техникаҳое ошкор шудааст, ки дар ҷанги Русия зидди Украина истифода шудаанд.
Баъди ин хабар Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон гуфт, таҳқиқро шуруъ кардааст.