Устодони донишгоҳи Данғара диктант супурдаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Санҷиши саводи омӯзгорони донишгоҳи давлатии Данғара боиси кам шудани шумори факултаҳо ва тағйироти дигар шуд. Ректори ин муассиса гуфт, корро дар донишгоҳ аз диктанте миёни омӯзгорони ҳама фанҳо шурӯъ кард, чун, ба гуфтааш, бар асоси он мешавад ба сатҳи дониши муаллимон баҳо дод.